Январ 27, 2020 21:24 Asia/Dushanbe
  • Дидори Зуҳуров ва сафири Олмон дар Душанбе

Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон бо сафири Олмон дар Душанбе, дидор ва бар густариши ҳамкориҳои дуҷониба ва минтақаӣ таъкид карданд.

Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон ва Андреас Протманн, сафири Олмон дар Душанбе дидор ва гуфтугӯ карданд.

Ба гузориши Форс, дар ин дидор масоили марбут ба тавсеаи равобити ду кишвар дар заминаҳои иқтисодӣ, тиҷорӣ, омӯзиш ва парвариш, беҳдошт ва ҳифозати иҷтимоӣ баррасӣ шуд.

Зуҳуров дар ибтидои ин дидор аз сафири Олмон барои нигариши вижаи Берлин дар байни кишварҳои Иттиҳоди Аврупо ба мушкилоти Душанбе, қадрдонӣ кард.

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон дар ин мулоқот бо таъкид бар алоқамандии Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон барои тавсеаи иртибототи байнипарлумонӣ бо Олмон ба эҷоди гурӯҳи дӯстӣ миёни парлумонҳои ду кишвар дар моҳи майи соли 2016 ишора кард.

Ҳамчунин дар ин дидор ба кумакҳои Олмон ба Тоҷикистон дар чорчӯби барнома ва тарҳҳои мухталиф ишора ва таъки  шуд, ки аз замони барқарории равобити дипломатӣ миёни ду кишвар, давлати Олмон ба Тоҷикистон 100 миллион евро тахсис дода шудааст.

Яке аз тарҳҳои муҳимме, ки бо ҳимояти молии Олмон дар Тоҷикистон дар ҳоли иҷро аст, сохт нирӯгоҳи “Себзор” дар вилояти Бадахшони ин кишвар аст.

Тарафайн хотирнишон карданд, ки дар моҳи августи соли гузаштаи милодӣ, Тоҷикистон ва Олмон тавофуқномаи 27 миллион евроиро дар заминаи ҳамкории молӣ имзо карданд. Зуҳуров дар бахши дигаре ин мулоқот хитоб ба сафири Олмон хостори баррасии масъалаи афзоиши теъдоди донишҷӯёни тоҷик дар донишгоҳҳои Олмон шуд.

Дар ҳоли ҳозир равобит миёни Тоҷикистон ва Олмон бо 40 санади ҳуқуқӣ, ки қаблан имзо шуда, идома дорад.