Интисоботи нав дар Тоҷикистон
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i50374-Интисоботи_нав_дар_Тоҷикистон
Раиси ҷумҳурии Тоҷикистон дар идомаи тағйироти кадрӣ дар ин кишвар бо судури ҳукмҳое ҷудогона як вазир, 2 раиси Кумитаи давлатӣ ва 6 раиси ноҳияҳоро аз вазифа озод кард.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Январ 28, 2020 09:32 Asia/Dushanbe
  • Интисоботи нав дар Тоҷикистон

Раиси ҷумҳурии Тоҷикистон дар идомаи тағйироти кадрӣ дар ин кишвар бо судури ҳукмҳое ҷудогона як вазир, 2 раиси Кумитаи давлатӣ ва 6 раиси ноҳияҳоро аз вазифа озод кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Эмомалӣ Раҳмон, Иззатулло Сатторзодаро аз симати вазири кишоварзии Тоҷикистон барканор ва дар ҳукме Амонулло Салимзодаро ба унвони вазири кишоварзӣ мансуб кард.

Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин дар ҳукмҳои дигаре Гавҳар Шарофзода раиси Кумитаи давлатии забон ва ислоҳот ва Нуъмон  Абдуғаффорзода раиси Кумитаи давлатии гардишгарии Тоҷикистонро барканор кард.

Ҳамчунин 3 муовини вазири кишоварзӣ, 2 муовини раисони Кумитаи давлатии забон ва ислоҳот ва Кумитаи давлатии гардишгарии Тоҷикистон барканор шуданд.

Бар асоси аҳкоми ҷудогона раиси ҷумҳури Тоҷикистон, раисони навоҳии Исфара, Спитамен, Кӯҳистони Мастчоҳ, Балҷувон ва шаҳри Бохтар низ аз симатҳои худ барканор шуданд.