Январ 28, 2020 10:10 Asia/Dushanbe
  • Таҳсили 46 донишҷӯи тоҷик дар шаҳри Вуҳани Чин, маҳалли аслии шуюи коронавирус

46 донишҷӯи тоҷик машғули таҳсил дар шаҳри Вуҳан-маҳалли аслии шуюи коронавирус дар Чин ҳастанд.

Ба нақл сомонаи Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон, сафорати ин кишвар дар Чин бо тамомии донишҷӯён ва шаҳрвандони тоҷик дар шаҳрҳои мухталифи ин кишвар иртибот дорад.

Мақомоти Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон эълом кардаанд, то кунун ҳеҷкадом аз шаҳрвандони тоҷик, ки дар Чин зиндагӣ мекунанд ба коронавирус мубтало нашуданд.

Пеш аз ин Сафорати Тоҷикистон дар Чин аз донишҷӯёни муқими ин кишвар дархост карда буд, ки барои пешгирӣ аз ибтило ба ин бемории хатарнок ба тавсияҳои мақомоти беҳдоштии Чин амал кунанд.

Ин дар ҳолест, ки теъдоде аз донишҷӯёни тоҷики машғул ба таҳсил дар шаҳри Вуҳан-маркази шуюи коронавирус аз ин ки ба далели бекор кардани парвозҳо миёни Душанбе ва Пекин имкони бозгашт ба Тоҷикистонро надоранд ибрози нигаронӣ кардаанд.

Ҳамчунин Вазорати беҳдошт ва ҳифозати иҷтимоии Тоҷикистон эълом кардааст, ки дар ин кишвар ҳеҷ мавриди ибтилои шаҳрвандон ва шаҳрвандони дигар кишварҳо ба бемории коронавирус гузориш нашудааст.