Январ 28, 2020 10:48 Asia/Dushanbe
  • Тавлиди 100 ҳазор тонна алюминий  дар соли гузашта дар ширкати алюминийи  Тоҷикистон

Корхонаи алюминийи Тоҷикистон соли гузашта 100 ҳазору 800 тонна маҳсул тавлид кардааст.

Ба нақл аз сомонаи Азия-Плюс, ин дар ҳолест, ки дар соли 2018 корхонаи алюминий фақат 95 ҳазору 800 тонна маҳсул тавлид карда буд.

Мақомоти ширкат далели коҳиши тавлиди алюминий дар соли 2019-ро ҷилавгирии давлати Туркманистон аз убури мошинҳои боркаши тоҷикии ҳомили маводи хоми мавриди ниёзи ин ширкат эълом карданд.

Ҳамчунин тарафи Қазоқистон низ ба далели мушкилоте натавонист ба тааҳудоти худ дар заминаи таъмини маводи аввалияи мавриди ниёзи ширкати алюминийи Тоҷикистон амал кунад.

Корхонаи алюминийи Тоҷикистон солона зарфияти тавлиди 500 ҳазор тонна маҳсул дорад, ки дар солҳои ахир ба далелҳои мухталиф, аз ҷумла фарсудагии дастгоҳҳои ширкат фақат дар сол ҳудуди 100 ҳазор тонна алюминий тавлид мекунад.

Қарор аст, дастгоҳҳо ва сохтмони ин корхона бо кумаки 450-миллиондолларии Чин бозсозӣ шавад.

Ин дар ҳолест, ки нархи ҳар киловат соат барқи масрафӣ дар ин корхона нисбат ба бахши хонагӣ ҳудуди 10 дарсад арзонтар аст.

Ҳамакнун қарзи барқи масрафии корхонаи алюминий ҳудуди 400 миллион сомонӣ аст.