Сабтином барои таҳвили симкортҳои телефони мобелӣ бо шиносномаҳои нав дар Тоҷикистон
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i50380-Сабтином_барои_таҳвили_симкортҳои_телефони_мобелӣ_бо_шиносномаҳои_нав_дар_Тоҷикистон
Муовини раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон гуфт, ҳудуди 3 миллион муштарак дар ин кишвар метавонанд бо шиносномаҳои нав ё пластикӣ барои дарёфти симкорт сабтином кунанд.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Январ 28, 2020 07:40 Asia/Dushanbe
  • Сабтином барои таҳвили симкортҳои телефони мобелӣ бо шиносномаҳои нав дар Тоҷикистон

Муовини раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон гуфт, ҳудуди 3 миллион муштарак дар ин кишвар метавонанд бо шиносномаҳои нав ё пластикӣ барои дарёфти симкорт сабтином кунанд.

Ба нақл аз Авесто, Илҳомҷон Атоев дар нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфт, бар асоси тасмими давлати Тоҷикистон охирин замони сабтиноми дубораи симкортҳо бо шиносномаи нав 15 феврали имсол аст.

Муовини раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон афзуд, 3 миллиону 900 ҳазор муштараки телефони мобелӣ дар Тоҷикистон ҳануз шиносномаи соли 1996 худро бо шиносномаҳои нав иваз накарданд.

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон 9 феврали соли 2018 дастурамали нави фуруши симкортро имзо кард, бар асоси ин дастур ашхосе, ки шиносномаи нав надоранд бояд дубора барои дарёфти симкорт сабтином кунанд ҳамчунин ҳар як аз шаҳрвандон фақат муҷоз ба дарёфти ду симкорт ҳастанд ва симкортҳое, ки шаш моҳ ғайрифаол бошад низ қатъ мешавад.

Бар асоси гузориши Идораи Хадамоти алоқаи Тоҷикистон 6 миллиону 892 ҳазор симкорт дар ин кишвар ба муштаракон таҳвил дода шуда, ки аз ин теъдод ҳудуди 5 миллион симкорт фаол аст.