Январ 28, 2020 12:35 Asia/Dushanbe
  • Баррасии ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Эрон дар ҳавзаи гардишгарӣ

Сафири Тоҷикистон дар Эрон бо вазири мироси фарҳангӣ, ҷаҳонгардӣ ва саноати дастӣ дар Теҳрон дидор ва гуфтугӯ кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, тарафайн дар ин дидор дар мавриди чигунагии густариши ҳамкориҳои дуҷониба дар заминаҳои гардишгарӣ, фарҳангӣ ва саноати дастӣ гуфтугӯ карданд. Ҳамчунин дар ин дидор эҷоди мабнои ҳуқуқӣ барои ҳамкорӣ ва табодули таҷриба байни коршиносон, сомондеҳии рӯйдодҳои муштараки фарҳангӣ ва гардишгарии ҳар ду кишвар ба унвони сарфаслҳои муҳими ҳамкориҳои дуҷониба баррасӣ шуд.

Вазири мироси фарҳангӣ, гардишгарӣ ва саноати дастӣ бо таъкид бар бекор кардани виза байни Эрон ва Тоҷикистон гуфт, пешниҳод шудааст барои кишварҳои узви ЭКО визаи муштарак содир шавад чаро, ки иштирокоти фарҳангии зиёде байни ин кишварҳо вуҷуд дорад, ки онҳоро ба ҳам наздик мекунад.

Ӯ афзуд, иқдоми аввал барои бекор кардани виза байни Эрону Тоҷикистон ва кишварҳои узви ЭКО метавонад  бекор кардани визаи гуруҳӣ бошад; зимни ин ки дар ҳоли ҳозир барои 90 кишвар визаи фурудгоҳӣ содир мешавад.

Зоҳидӣ сафири Тоҷикистон дар Эрон ҳам дар ин дидор ба баргузории Намоишгоҳи меъморӣ ва осори таърихии шаҳри Душанбе дар Теҳрон ишора кард ва гуфт, соли 2021 сиюмин солгарди Истиқлоли Тоҷикистон аст ва бар ҳамин асос давлат барномаҳоеро барои тақвияти равобит бо кишварҳое монанди Эрон дар назар гирифтааст.