Январ 29, 2020 19:18 Asia/Dushanbe
  • Даргузашти куҳансолтарин шаҳрванди Тоҷикистон

Пиртарин шаҳрванди Тоҷикистон даргузашт.

Ба гузориши “Форс”, Фотима Мирзоқулова, сокини устони Суғди Тоҷикистон дар синни 127 солагӣ дар ин устон даргузашт.

Вай дар умри худ шоҳиди ду ҷанги ҷаҳонӣ ва се асри таърихии Русияи подшоҳӣ, низоми Шӯравӣ ва Тоҷикистони мустақил будааст.

Мирзоқулова 8 фарзанд ва ҳудуди 200 набера ва навода дорад.

Мирзоқулова тамоми умр дар колхоз (мазрааи иштирокӣ) кор карда ва ҳатто вақте бознишаста шуд, натавонист дар хона бинишинад ва дар киштзор кор ва пахта ҷамъоварӣ мекард.

Тибқи омори расмӣ дар Тоҷикистон 78 нафар бо синни беш аз 100 сол зиндагӣ мекунанд, ки 50 нафар аз онҳо зан ҳастанд.