Январ 30, 2020 10:16 Asia/Dushanbe
  • Эъломи омодагии Тоҷикистон барои бозгардондани атбоъи худ аз Чин

Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон эълом кард дар сурати вахим шудани авзоъ дар Вуҳони Чин, маҳали аслии шуюуъи вируси Карона ,омодагӣ дорад атбоъи худро ба кишвар бозгардонад.

Ба нақл аз сомонаи Спутник , дар баёнияи Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон таъкид шуда ,ки сафорати ин кишвар дар Пекин бо 46 донишҷуи тоҷик машғули таҳсил дар шаҳри Вуҳон дар иртибот аст.

Гуфта мешавад ,ки ҳечкадом аз атбоъи тоҷикистонӣ дар Чин ба вируси Карона мубтало нашудаанд , аз ин рӯ мақомоти Чин низ дар ҳоли ҳозир барномае барои хориҷ кардани атбоъи кишварҳои дигар аз ҷумла Тоҷикистон аз шаҳри Вуҳон надоранд.

Пеш аз ин сафорати Тоҷикистон дар Чин аз донишҷуёни тоҷики муқими ин кишвар дархост карда буд ,ки барои пешгирӣ аз мубтало ба ин бемории хатарнок ба тавсияҳои мақомоти беҳдоштии Чин амал кунанд.

Мақомоти ҳукуматӣ дар Душанбе эълом карданд ,ки 2 то 5 пизишки мутахасис дар 27 посгоҳи марзӣ , кантроли вуруди атбоъи дигар кишварҳо , муоина ва карантинаи афроди машкук ба мубтало ба бемории Каронаро бар уҳда доранд.

Вазорати беҳдошт , дармон ва рифоҳи иҷтимоӣ ва дигар дастгоҳои масул ҳам иқдомҳои вижаеро барои пешгирии ба мавқеъ аз шуюуъи вируси Карона иҷро карданд.