Январ 30, 2020 10:56 Asia/Dushanbe
  • Бозҷӯи аз рузноманигори тоҷик

Кормандони идораи амнияти миллии ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе як рӯзноманигори тоҷикро бозҷӯӣ карданд.

Ба нақл аз сомонаи Тоб Ти Ҷи , ҳамчунин кормандони пулис дар бозрасӣ аз хонаи Далер Шарипов кампиютер , китобҳои адабии мухталифи Ӯ ,ки ба забони форсӣ будаастро мусодира карданд.

Созмони ғайридавлатии Маркази мустақили мудофеи ҳуқуқи башар , барои дифоъ аз ҳуқуқ ин рӯзноманигори тоҷик вакили мудофеъ гирифтанд.

Вай солҳои пеш корманди расмии шабакаи телвезиони давлатии Сафина буд.

Ӯ дар солҳои ахир ба тиҷорат машғул ва бо навиштани мақолаҳои интиқодӣ аз сиёсатҳои давлати Тоҷикистон дар маҳфилҳои рӯзноманигорӣ машҳур шуда буд.

Вай бештари матолиби худро дар шабакаҳои иҷтимоӣ мунташир мекард.

Раҷаб Мирзо рӯзноманигори тоҷик аз тамоми кормандони расонаҳои хабарӣ ва фаолони фазои иҷтимоӣ даъват кардааст ,ки барои дифо аз ҳуқуқи Далер Шарипов иқдом кунанд.

Вай муътақид аст ,ки агар қонун барои тамоми атбоъи Тоҷикистон яксон аст ба чӣ далел мақомоти қазоии ин кишвар далели боздошти Далер Шариповро эълом намекунанд ва ҳатто ба бастагони вай ҳам хабар надоданд ,ки Ӯ боздошт шудааст.