Феврал 01, 2020 10:17 Asia/Dushanbe
  • Дархост барои озодии Далер Шарипов рӯзноманигори тоҷик

Вакилони Далер Шарипов рӯзноманигори тоҷик аз додгоҳ дархост карданд ,ки ҳукми боздошти мувақати думоҳаи вайро лағв кунад.

Ба нақл аз сомонаи Спутник , вакилоне ,ки Созмони ғайри давлатии маркази мустақили мудофеъ аз ин рӯзноманигори тоҷик гирифтааст , дархости расмии худро барои озодии вай ба додгоҳ ироа карданд.

Ба гуфтаи ин вакилон мақомоти амниятӣ Далер Шариповро ба иттиҳоми барангехтани душмании миллӣ ва нажодӣ ва ифротигарии мазҳабӣ мутаҳам карданд ,ки ин ҷурм 5 сол зиндон дорад.

Анҷумани миллии рӯзноманигорони мустақили Тоҷикистон низ бо интишори баёнияе аз шеваи боздошт ва эъломи иттиҳом зидди Далер Шарипов интиқод карданд.

 Онҳо дар ин баёния таъкид карданд ,ки мақомоти амниятӣ бедоштани муҷавиз ва бе доштани шоҳид ва мадрак иқдом ба боздошти Ӯ карданд ,ки ин амал нақзи ошкори ҳуқуқи ин рӯзноманигор аст.

Бастагони Далер Шарипов рӯзноманигори тоҷик мегуянд ,ки идораи амнияти миллии ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе дар рӯзи 28 январ Ӯро боздошт карданд.

Ҳамчунин кормандони пулис дар бозрасӣ аз хонаи Далер Шарипов , кампиютер ва китобҳои адабии форсии Ӯро мусодира карданд.

Вай солҳо пеш корманди расмии шабакаи телевезиони Сафина буд.

Ӯ солҳои ахир ба тиҷорат машғул ва бо навиштани мақолаҳои интиқодӣ аз сиёсатҳои давлати Тоҷикистон дар маҳфилҳои рӯзноманигорӣ машҳур шуда буд.