Феврал 01, 2020 11:05 Asia/Dushanbe
  • Мамнуияти воридоти маводи ғазоӣ аз Чин ба Тоҷикистон

Кумитаи давлатии амнияти ғазоии Тоҷикистон воридоти маводи ғазоӣ аз Чин ба ин кишварро мамнуъ кард.

Ба нақл аз сомонаи Авесто, ин иқдом ба далели паҳн шудани  вируси Карона дар Чин будааст то  аз паҳншавии ин бемори дар Тоҷикистон пешгирӣ шавад.

 Гуфта мешавад ,ки бар асоси дастури мақомоти Тоҷикистон акнун воридоти маводи ғазоӣ , чой ва базрҳои кишоварзӣ аз Чин ба Тоҷикистон мамнуъ шудааст.

Муҳаммадсаид Файзуллозода раиси кумитаи давлатии амнияти ғазоии Тоҷикистон таъкид кард ,ки ахиран аз воридоти маводи ғазоии тавлидшуда дар Чин ,ки теъдоде аз бозаргонон қасд доштанд аз марзи Афғонистон ба дохили хоки Тоҷикистон мунтақил кунанд, пегири шавад.

Ин дар ҳоле аст,ки мақомоти ҳукуматӣ дар Душанбе эълом карданд ,ки 2 то 5 пизишки мутахасис дар 27 посгоҳи марзӣ , кантроли вуруди атбои дигар кишварҳо , муоина ва карантинаи афроди машкук ба мубтало ба бемории Каронаро баруҳда доранд, ҳамчунин парвозҳои ҳавопаймоҳо миёни Тоҷикистон ва Чин ҳам мутавақиф шудааст.

Вазорати беҳдошт , дармон ва рифоҳи иҷтимоӣ ва дигар дастгоҳҳои масул ҳам иқдомҳои вижаеро барои пешгирии ба мақеъ аз паҳншавии вируси Карона иҷро карданд.

Ба гуфтаи мақомот ин Вазорат дар ҳоли ҳозир ҳеҷ мавриди машкуке аз ин бемори дар Тоҷикистон мушоҳида нашудааст.