Феврал 02, 2020 11:14 Asia/Dushanbe
  • Амволи ширкати Умед-88 барои сохти нерӯгоҳи Роғун ҳазина мешавад

Наздики 57 миллион сомонӣ даромади ҳосил аз фуруши амволи мусодирашудаи мудири зиндонии ширкати сӯзишрасони Умед-88 барои сохти нерӯгоҳи Роғун ҳазина мешавад.

Ба нақл аз сомонаи Азия-Плюс, Илёс Идрисзода- мудири ниҳоди иҷрои ҳукмҳои додгоҳӣ дар ҳукумати Тоҷикистон гуфтааст, ки 56 миллиону 300 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби фуруши амволи мусодирашудаи Алӣ Одинаев, ки ба 24 сол зиндон маҳкум шудааст, барои такмили нерӯгоҳи обӣ барқии Роғун ҳазина мешавад.

Додгоҳи олии Тоҷикистон  дар соли 2018 мудири ин ширкати сӯзишрасонро ба 24 сол зиндон маҳкум кард.

Вай ба ҳамроҳи муовин ва чаҳор мақом масъули ин ширкат дар соли 2017 ба иттиҳоми бознагардондани қарзи дарёфтӣ аз чанд бонк ва ниҳоди молӣ аз ҷумла ҷамъияти саҳомии хоси нерӯгоҳи Роғун боздошт шуда буд.

Боздошти ин ашхос пас аз интиқоди шадиди Эмомалӣ Раҳмон раиси ҷумҳури Тоҷикистон аз бозпардохтнашудани қарзи ширкати Умед-88 ба ширкати саҳомии хоси нерӯгоҳи обӣ барқии Роғун сурат гирифт.

Масъулони ин ширкат 172 миллион сомонӣ қарз дарёфт карда буданд.