Феврал 03, 2020 10:04 Asia/Dushanbe
  • Талоши донишҷӯёни тоҷики муқими Чин барои бозгашт ба Тоҷикистон

25 донишҷӯи тоҷики муқими Чин талош карданд бо ҳавопаймоҳои ширкатҳои Русия дар масири Сиён-Екатеринбург-Душанбе ба Тоҷикистон бозгарданд, ки муваффақ ба ин парвоз нашуданд.

Ба нақл аз сомонаи ТопТҶ, ин донишҷӯён эълом карданд ҳар як аз онон чипта ба маблағи беш аз як ҳазор доллар харидорӣ кардаанд ва барои эмин мондан аз ибтило ба коронавирус дар Чин қасди бозгашт ба Тоҷикистонро доштанд, аммо ба онон иҷозаи парвоз дода нашуд.

Кормандони фурудгоҳи шаҳри Сиёни Чин ба донишҷӯёни тоҷик гуфтаанд, ки ширкатҳои ҳавопаймоии Русия аз савор кардани ин ашхос худдорӣ мекунанд ва ба ҳамин далел феълан парвози онон ба Тоҷикистон имконпазир намебошад.

Ба гуфтаи ин донишҷӯёни тоҷик қаблан низ талоши онон барои парвоз аз масири Сиён-Севилия-Тошканд низ бидуни натиҷа буда ва як ҳафтааст, ки наметавонанд аз Чин хориҷ шаванд.

Ин дар ҳолест, ки ба далели шуюи бемории коронавирус дар Чин аксари донишгоҳҳои ин кишвар таътил шуда ва донишҷӯёни хориҷӣ талош мекунанд, то оддишудани вазъият ба кишварҳои хеш бозгарданд.

Пеш аз ин Муҳаммаюсуф Имомзода вазири маориф ва илми Тоҷикистон гуфта буд дар шаҳри Вуҳани Чин маҳалли аслии шуюи коронавирус дар Чин 43 донишҷӯи тоҷик ҳузур доранд.

Ҳарчанд Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон эълом карда буд дар сурати ҳод шудани вазъият дар Вуҳани Чин, маҳалли аслии шуюи коронавирус омодагӣ дорад шаҳрвандони худро ба кишвар бозгардонад.