Ронандагоне, ки ҷумъаҳо назди масҷидҳои Душанбе роҳбандон мекунанд ҷарима мешаванд
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i50532
Мақомоти бозрасии автомобилии шаҳри Душанбе ҳушдор доданд, ронандагони худравҳои шахсие, ки рӯзҳои ҷумъа назди масоҷиди пойтахти Тоҷикистон роҳбандон эҷод мекунанд, ба маблағи 116 сомонӣ ҷарима баста мешаванд.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Феврал 03, 2020 10:19 Asia/Dushanbe
  • Ронандагоне, ки ҷумъаҳо назди масҷидҳои Душанбе роҳбандон мекунанд ҷарима мешаванд

Мақомоти бозрасии автомобилии шаҳри Душанбе ҳушдор доданд, ронандагони худравҳои шахсие, ки рӯзҳои ҷумъа назди масоҷиди пойтахти Тоҷикистон роҳбандон эҷод мекунанд, ба маблағи 116 сомонӣ ҷарима баста мешаванд.

Ба нақл аз Спутник, Акбар Қурбонзода-масъули БДА гуфтааст, ки дар сурати идомаи ин раванд илова бар ҷаримаи молии моликон, мошинҳо ба ҷаримагоҳ интиқол дода мешаванд.

Вай муътақид аст, нисбат ба солҳои қаблӣ риояи қоидаҳои  ҳаракат дар роҳ, хусусан ҳангоми намозгузорӣ дар масҷидҳо беҳтар шудааст, аммо бархе аз ронандагон то ҳол дидаву дониста ба қоидавайронкунӣ даст мезананд ва роҳи дигаре ба ғайр аз ҷаримаи ронандагони мутахаллиф боқӣ намемонад.

Бар асоси гузориши Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Тоҷикистон, дар ҷумҳурӣ то имрӯз 3088  масоҷид сабти ном шуда, аз ин миқдор  дар 375  масҷид намози ҷумъа  баргузор карда  мешавад. Ин дар ҳолест, ки дар пойтахти Тоҷикистон дар 38 масҷид мардум метавонанд намози ҷумъаро иқома кунанд.