Феврал 04, 2020 10:48 Asia/Dushanbe
  • Қарантини 300 нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистон дар бахшҳои вижаи бемористони шаҳри Душанбе

Мақомоти Вазорати тандурустии Тоҷикистон эълом карданд, 300 нафар аз шаҳрвандони ин кишвар, ки аз Чин бозгаштанд дар бахшҳои вижаи бемориҳои уфунии бемористони шаҳри Душанбе қарантин шуданд.

Ба нақл аз сомнаи Азия-Плюз, ин ашхос бояд 14 рӯз зери назари пизишкони мутахассиси ин бемористон дар қарантин бошанд.

Ин мақомот гуфтанд озмоишҳои пизишкӣ нишон медиҳад, ки ашхоси бистаришуда ба коронавирус мубтало нестанд, аммо барои итминони комил бояд 14 рӯз бистарӣ шаванд.

Аз ин ру бахши бемориҳои уфунии бемористони шаҳри Душанбе фақат ин ашхосро пазириш ва бистарӣ карда ва дигар беморон бояд ба дигар марказҳои дармонии пойтахти Тоҷикистон муроҷеа кунанд.

Ин шаҳрвандони Тоҷикистон бо парвози Чин-Алмаатои Қазоқистон-Тоҷикистон вориди Душанбе шуданд ва аз фурудгоҳ ба бемористони вижа мунтақил шуданд.