Феврал 04, 2020 12:18 Asia/Dushanbe
  • Ҷаримаи нақдии 686 нафар оид ба риоят накардани Қонун дар бораи масъулияти волидайн

Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон гуфт, соли гузашта 686 нафар дар ин кишвар ба иллати риоя накардани Қонун «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ҷаримаи нақдӣ шуданд.

Ба нақл аз хабаргузории давлатии Ховар, Шермуҳаммад Шоҳиён дар нишасти хабарии масъулони Суди Олии Ҷумҳурии  Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе гуфт, ки дар соли 2019 қариб 700 адад парванда аз сӯи додгоҳҳои ин кишвар оид ба риоя накардани Қонун «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» баррасӣ шуд.

Бар ин асос ин ашхос маҳкум ба пардохти 3,3 миллион сомонӣ ҷаримаи молӣ шуданд.

Раиси Суди Олии Ҷумҳурии  Тоҷикистон таъкид кард дар соли 2019  теъдоди парвандаҳои  ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оид ба риоя накардани  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» беш аз 15 ҳазорро ташкил додааст, ки дар қиёс ба соли   2018  381 адад зиёд будааст.

Зикр шуд, ки ба судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон соли сипаригардида беш аз 156 ҳазор парванда ва дархосту  пешниҳод ворид гардидаанд, ки ин омор дар қиёс ба соли 2018 5616 адад  зиёд мебошад.