Феврал 04, 2020 12:44 Asia/Dushanbe
  • Баррасии чигунагии иҷрои тарҳи нави Иттиҳодияи Аврупо дар Тоҷикистон

Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон ва намояндагони Маркази байналмилалии савдо масоили марбут ба чигунагии иҷрои тарҳи нави Иттиҳодияи Аврупо дар ин кишварро баррасӣ карданд.

Ба нақл аз Форс, Завқӣ Завқизода вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон  бо Пиер Бонтоно  намояндагони Маркази байналмилалии савдо ва Армен Заргарян дидор ва гуфтугӯ карданд.

Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаи пешбурди ҳамкориҳои самаранок, аз ҷумла лоиҳаи нави Иттиҳоди Аврупо зери шиори "Омодагӣ барои савдо дар Осиёи Марказӣ” вобаста ба соддагардонии расмиёти савдо, рушди тиҷорати электронӣ ва ислоҳоти иститутсионалӣ барои 5 кишвар Осиёи Марказӣ баррасӣ намуданд.

Лоиҳаи қайдгардида дар чор самт, аз қабили соддагардонии расмиёти савдо, рушди содирот, тиҷорати электронӣ ва баробарии гендерӣ татбиқ мегардад.

Дар охири мулоқот тарафҳо омодагии худро ҷиҳати густариши ҳамкориҳои мутақобилан судманд изҳор намуданд.