Ҳамкориҳои фарҳангӣ - меҳвари ройзании мақомоти Тоҷикистон ва Кувайт
(last modified Wed, 05 Feb 2020 12:46:35 GMT )
Феврал 05, 2020 17:46 Asia/Dushanbe
  • Ҳамкориҳои фарҳангӣ - меҳвари ройзании мақомоти Тоҷикистон ва Кувайт

Сафири Тоҷикистон дар Кувайт бо дабири кулли Шӯрои милал дар умури фарҳанг, адабиёт ва ҳунари ин кишвар дидору гуфтугӯ кард.

Ба гузориши “Форс”, Зубайдуллоҳ Зубайдуллоҳзода, сафири Тоҷикистон дар Кувайт бо Комил оли Абдулҷалил, дабири кулли Шӯрои миллӣ дар умури фарҳанг, адабиёт ва ҳунари ин кишвар мулоқот кард.

Дар ин дидор тарафайн масоили марбут ба ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистон ва Кувайт дар заминаҳои илму фарҳангро баррасӣ карданд.

Баргузории барномаҳои муштараки фарҳангӣ бо ҳадафи ошноӣ бо фарҳанги ду кишвар ва сафари ҳайатҳои ҳунарии 2 тараф аз ҷумлаи мавзӯоте буд, ки дар ин мулоқот мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Тарафайн зимни ибрози ризоият аз сатҳи ҳамкориҳои фарҳангӣ бар зарурати тақвият ва густариши таомулот миёни 2 кишвар таъкид карданд.

Матолиби муртабит: 

Иртиқои 15 рутбаии забони форсӣ дар ҷаҳони илм

Дидори вазири хориҷаи Тоҷикистон ва сафири Кувайт дар Душанбе

Тасвиби созишномаи дарёфти қарз аз Кувайт дар Маҷлиси Тоҷикистон

Эрон дар ҷамъи 15 кишвари бартари ҷаҳон дар тавлиди илм