Сабти расмии номи тамоми номзадҳои муаррифишуда аз сӯи аҳзоби сиёсии интихоботи Тоҷикистон
Комиссияи марказии интихобот ва ройпурсии Тоҷикистон номи тамоми номзадҳои муаррифишуда аз сӯи аҳзоби сиёсиро ба таври расмӣ сабт кард.
Ба гузориши “Ховар”, Комиссияи марказии интихобот ва ройпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон 65 номзад аз 7 ҳизби сиёсӣ ба интихоботи парлумонӣ муаррифишударо ба таври расмӣ сабт кард.
Комиссияи марказии интихобот ва ройпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз, 5 феврал бо ташкили як нишаст ва тасвиби мусавваба тамоми 65 номзади аҳзоби сиёсиро барои ширкат дар интихоботи парлумонӣ сабти ном кард.
Бар асоси пешниҳоди аҳзоби сиёсӣ, аз Ҳизби аграрии Тоҷикистон 13 номзад, Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон 5 номзад, Ҳизби халқӣ - демократии Тоҷикистон 26 номзад, Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон 7 номзад, Ҳизби демократии Тоҷикистон 4 номзад, Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон 5 номзад ва Ҳизби коммунисти Тоҷикистон 5 номзад сабти ном шуданд.
Ҳамчунин мусавваба дар мавриди эътибор бахшидан ба маъмурияти нозирони байналмилалӣ аз кумитаи иҷроии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, аз ҷумҳурии Беларус тасвиб шуд.