Феврал 06, 2020 10:55 Asia/Dushanbe
  • Озодии машрути рӯзноманигори саршиноси тоҷик

Рӯзноманигори саршиноси тоҷик барои озодии машрути яке аз ҳамкорони зиндонии худ дар Тоҷикистон 6 ҳазор сомонӣ пардохт кард.

Ба нақл аз сомонаи Тоҷ вик , Мирзои Салимпур 6 ҳазор сомонӣ мавриди ниёз барои озодии машрути Муҳаммадюсуф Исмоилов рӯзноманигор ,ки ба 11 соли зиндон маҳкум шудаастро пардохт кард.

Як мақоми пулиси устони Суғд бо таъйиди пардохт шудани ин маблағ гуфт ; ки мавзуъи тағийри шароити зиндони Муҳаммадюсуф Исмоилов баррасӣ мешавад ва Ӯ метавонад бо озодии машрут аз зиндони дорои сахт ба макони нав мунтақил шавад.

Ин мақоми пулис афзуд ; дар зиндони нав вай метавонад кор кунад ва дар идораи пулис сабти ном шавад ва шабҳо ба хонаи худ бирав , аммо мароҳили идории ин мавзуъ ҳудуди ду моҳ тул мекашад.

 Мирзои Салимпур рӯзноманигори саршиноси тоҷик ҳадаф аз пардохти 6 ҳазор сомонӣ барои озодии Муҳаммадюсуф Исмоиловро иқдоми инсондӯстона эълом кард.

Муҳаммадюсуф Исмоилов рӯзноманигор дар соли 2013 ба иттиҳоми зургири ва кулоҳбардорӣ ба 11 соли зиндон маҳкум шуд ,ки маҳфилҳои хабарии мустақил ин иқдомро муғризона эълом карданд.

Аз дидгоҳи ин маҳфилҳо далели аслии ба зиндон маҳкум шудани Исмоилов корманди рӯзномаи Нигоҳ ,и ноҳияи Ашт дар устони Суғд , ихтилофи вай бо мақомоти пулис , додситонӣ ва ниҳодҳои ҳукуматии ин минтақа будааст.

Бар асоси қонуни нави авфи умумӣ дар Тоҷикистон ,ки дар соли 2019 иҷроӣ шуд аз 11 сол ҳукми маҳкумияти Муҳаммадюсуф Исмоилов 1 солу 4 моҳу 20 рӯз кам шуд.