Радди овозаҳо дар бораи мушоҳидаи вируси Карона дар Тоҷикистон
(last modified Thu, 06 Feb 2020 07:42:54 GMT )
Феврал 06, 2020 12:42 Asia/Dushanbe
  • Радди овозаҳо дар бораи мушоҳидаи вируси Карона дар Тоҷикистон

Раиси идораи Беҳдошти устони Бадахшони Тоҷикистон овозаҳо дар бораи мушоҳидаи вируси Карона дар шаҳристони Мурғоби ин кишварро рад кард.

Ба нақл аз Ховар , дар ин иттилоия ҳамчунин омадааст ; бо эҷоди марказҳои кантрол дар гузаргоҳи Қулма дар марз бо Чин тадбирҳои лозим барои муқобила бо вируси Карона гирифта шудааст.

Мақомоти вазорати тандурустии Тоҷикистон эълом кард ; ҳамакнун 15 бемори машкук дар бемористони Кона Қурғон карантина шуда ва 4 нафар ҳам дар бемористони ноҳияи Мурғоб бистарӣ ҳастанд ,ки ҳеҷ як аз ин афрод ба вируси Карона мубтало нестанд.

Мутобиқи дастурамали Вазорати беҳдошти Тоҷикистон , касоне ,ки аз Чин вориди хоки ин кишвар мешаванд бояд 14 рӯз дар бемористон карантина шаванд.

Камисиюни беҳдошти миллии Чин бо интишори баёнияе эълом кард ,ки 304 нафар дар саросари ин кишвар ба иллати ибтило ба вируси Карона ( nVoC - 2019 )  ҷони худро аз даст додаанд. Бар асоси ин баёния,теъдоди афроди мубтало ба ин вирус низ ба 19 ҳазору 544 нафар афзоиш ёфтааст.