Интисоби 153 раис ва корманди додгоҳ дар Тоҷикистон
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i50670-Интисоби_153_раис_ва_корманди_додгоҳ_дар_Тоҷикистон
Раиси ҷумҳури Тоҷикистон бо судури фармоне 153 раис ва муъовинони додгоҳҳои ин кишварро мансуб кард.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Феврал 08, 2020 06:34 Asia/Dushanbe
  • Интисоби 153 раис ва корманди додгоҳ дар Тоҷикистон

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон бо судури фармоне 153 раис ва муъовинони додгоҳҳои ин кишварро мансуб кард.

Ба нақл аз Дафтари матбуъотии раёсати ҷумҳури Тоҷикистон , 58 нафар аз ин теъдод донишомӯхтаи  Маркази донишафзоии Додгоҳи олии Тоҷикистон ҳастанд ,ки аз тариқи озмун ва тай кардани давраи омӯзишии яксола бо фармони раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба симати раис ва муъовини  Додгоҳи устонҳои Хатлон, Суғд, Бадахшон ва шаҳри Душанбе мансуб шуданд.

Имомалӣ Раҳмон дар дидори ин афрод пеш аз эъзоми онон ба маъмурият , гуфт ; бояд бар асоси қонун ва таъмини адолат фаъолияти худро оғоз кунанд.

Вай хостори бархурди шадиди раисони додгоҳ бо афроди муфсид ва қонуншикан шуд ва бар зарурати баррасии одилонаи парвандаҳо таъкид кардааст.

Ин барои нахустинбор аст,ки раиси ҷумҳури Тоҷикистон , 58 донишомӯхтаи маркази донишафзоии Додгоҳи олии Тоҷикистонро ба симати раис ва муъовини Додгоҳҳои ин кишвар мансуб мекунад.