Феврал 08, 2020 14:06 Asia/Dushanbe
  • Дидори вазири умури хориҷаи Тоҷикистон бо донишҷуёни тоҷик дар Малайзия

Вазири умури хориҷаи Тоҷикистон дар сафари расмӣ ба Малайзия бо донишҷуёни тоҷик дар Куала - Лумпур дидор ва гуфтугу кард.

Ба нақл аз Ховар ва Вазорати умури хориҷаи ҷумҳурии Тоҷикистон, Сироҷиддин Меҳриддин дар мавриди дастовардҳои Тоҷикистон дар солҳои ахир дар заминаҳои иқтисод , об ва энержӣ ,санъат, гардишгарӣ ва санойеъи дастӣ суҳбат кард ва аз ҷавонон хост то ба унвони мутахасисини байналмиллалӣ саҳме дар тавсиъаи Тоҷикистон дошта бошад.

Вай гуфт ; имсол ба иллати баргузории интихоботи парлумонӣ ва раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон барои оянда ва мардуми ин кишвар бисёр муҳим аст.

Сироҷиддин Меҳриддин хитоб ба донишҷуён ва шаҳрвандони ҷумҳурии Тоҷикистон барои оянда ва мардуми ин кишвар бисёр муҳим аст.

Сироҷиддин Меҳриддин хитоб ба донишҷуён ва шаҳрвандони ҷумҳурии Тоҷикистон ,ки дар Малайзия таҳсил ва кор мекунанд, афзуд ; тамоми шаҳрвандони Тоҷикистон бояд бо ватанпарастӣ ва масулиятпазирӣ дар ин рӯйдоди муҳими сиёсӣ ширкат кунанд.