Феврал 08, 2020 20:34 Asia/Dushanbe
  • Умедвории вазири кори Тоҷикистон ба авфи коргарони муҳоҷири тоҷик аз сӯи Русия

Вазири нави кор ва муҳоҷирати Тоҷикистон ибрози умедворӣ кардааст, ки ҳукумати Русия тарҳи давлати Душанберо дар бораи авфи коргарони ихроҷии тоҷик тасвиб кунад.

Ба нақл аз сомонаи ТопТҶ, Гулрӯ Ҷабборзода дар нишасти хабарӣ дар шаҳри Душанбе гуфтааст, ки ин мавзӯъ чанде пеш дар дидори мақомоти ин ду кишвар дар Маскав баррасӣ шудааст.

Аммо коршиносон бо ишора ба теъдоди болои ин ашхос, ки 270 ҳазор нафар ҳастанд, ба ин хушбиниҳо бо дидаи шубҳа ва тардид нигоҳ мекунанд.

Қаблан низ мақомоти Тоҷикистон борҳо эълом карда буданд, ки ин мавзӯъ дар соли 2019 дубор бо масъулони давлати Русия баррасӣ шудааст.

Ин дар ҳолест, ки тарафи Русия дар ин маврид то ба ҳол мавзеъи худро эълом накардааст.

Мақомоти тоҷик, теъдоди коргарони ихроҷии ин кишвар аз Русияро, ки муртакиби ҷиноятҳои сангин нашуда ва бештар ба далели поймолсозии қонуни кор ва иқомат аз қаламрави ин кишвар ихроҷ шудаанд, наздик ба 270 ҳазор нафар эълом кардаанд.

Дар соли 2017 мақомоти Русия беш аз 118 ҳазор коргари тоҷикистонии ихроҷиро авф карда буданд. Бар асоси эъломи мудирияти Бонки миллии Тоҷикистон коргарони муҳоҷири тоҷик дар соли 2019 аз Русия ба кишварашон ҳудуди дуву ним миллиард доллар ирсол карданд, ки дар муқоиса бо соли 2018 шаш аз даҳ шаш дарсад афзоиш нишон медиҳад.

 

 

Барчасп