Талоши ТоҷикЭйр барои рафъи тавқифи ҳавопаймои ин ширкат дар Русия
(last modified Sun, 09 Feb 2020 05:20:30 GMT )
Феврал 09, 2020 10:20 Asia/Dushanbe
  • Талоши ТоҷикЭйр барои рафъи тавқифи ҳавопаймои ин ширкат дар Русия

Муовини мудири ширкати ҳавопаймоии ТоҷикЭйри Тоҷикистон гуфт, ки талош барои рафъи тавқифи як ҳавопаймои Боинг-737 ин ширкат дар додгоҳи иқтисоди Маскав идома дорад.

Ба нақл аз сомонаи Ахбори Осиёи Марказӣ, Азизмуҳаммад Қурбонов гуфт, ин ҳавопаймо 8 моҳ қабл барои озмоишҳои фаннӣ ба шаҳри Маскав фиристода шуд вале дар пайи тарҳи шикояти ширкати Литва кишвари Литва тавқиф шудааст.

Ширкати Литва муддаӣ аст, ки 20 миллион доллар аз ҳавопаймоии ТоҷикЭйри Тоҷикистон талабкор буда ва бар ҳамин асос додгоҳи иқтисодии Маскав ин ҳавопайморо тавқиф кардааст.

Ин дар ҳолест, ки мақомоти ширкати ТоҷикЭйр мегӯянд, ба ширкати Литва 25 миллион доллар бобати лизинги ду ҳавопаймои Боинг-737 пардохт кардаанд.

Тарафи Литва муддаӣ аст, ки ширкати ТоҷикЭйр бояд маблағеро ба унвони таъхир дар пардохт накардани суди ин қарордод низ пардохт намояд.

Кашмакашҳои додгоҳӣ миёни Тоҷикистон ва Литва то кунун ба ҷое нарасидааст ва акнун бояд додгоҳи иқтисодии Маскав дар ин маврид ҳукми ниҳоиро эълом кунад.

Ширкати ҳавопаймоии ТоҷикЭйри Тоҷикистон аз соли 2018 гирифтори буҳрони молӣ шудааст ва амалан танҳо як парвоз дар ҳафта аз Душанбе ба Маскав анҷом медиҳад.