Карантини коргарони чинии машғул ба кор дар Тоҷикистон
Коргарони чинии ширкатҳои саноатии Тоҷикистон баъд аз бозгашт аз таътилоти Соли Нав ба далели густариши вируси “корона” ба муддати ду ҳафта карантин мешаванд.
Ба гузориши хабаргузории “Форс”, Заробиддин Файзуллоҳзода, вазири саноат ва фанновариҳои ҷадиди Тоҷикистон гуфт, дар ширкатҳои саноатии Тоҷикистон ҳудуди 2128 чинӣ кор мекунад. Вай гуфт, 617 нафар аз онҳо дар таътилоти Соли Нав ба Чин сафар накарданд. Файзуллоҳзода афзуд, дар Тоҷикистон ҳудуди 50 корхона бо сармоягузории Чин фаъолият мекунад, ки бештари онҳо дар ҳавзаи маъдан машғул ба коранд.
Қабл аз ин барои озмоиши вуҷуди вируси “корона” Вазорати ҳамлу нақли Тоҷикистон феҳрасти коргарони чинии машғул ба кор дар тарҳҳои сохти ҷода дар ин кишварро таҳия карда буд.
Тоҷикистон дар пайи густариши вируси “корона” дар Чин иртиботи заминӣ ва ҳавоии худ бо ин кишварро мутаваққиф кард.
Дар Тоҷикистон барои 4 ҳазор нафар марокизи карантинӣ пешбинӣ шудааст, ки ҳамакнун ҳудуди 700 нафар дар ин марокиз нигаҳдорӣ мешавад.