Феврал 12, 2020 10:07 Asia/Dushanbe
  • Сармоягузории 346 миллиондолларии кишварҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон

Дар соли гузаштаи мелодӣ кишварҳои хориҷӣ 346 миллион доллар дар Тоҷикистон сармоягузорӣ карданд.

Ба нақл аз сомонаи Tajik Te, раиси Кумитаи давлатии мудирияти амвол ва сармоягузории Тоҷикистон эълом кард, ки ин мизон дар муқоиса бо соли 2018, 6 дарсад афзоиш доштааст.

Фаррух Ҳамроҳализода гуфт: Чин бо сармоягузории 262 миллиону 300 ҳазор доллар дар иқтисоди Тоҷикистон дар соли 2019, бузургтарин шарики иқтисодии ин кишвар буд.

Дар соли 2019 мизони сармоягузории Русия дар иқтисоди Тоҷикистон ҳам 33 миллиону 100 ҳазор доллар буд.

Англия низ дар ин сол дар тарҳҳои иқтисодии Тоҷикистон 13 миллиону 900 ҳазор доллар сармоягузорӣ кард.

Туркия ҳам 13 миллиону 500 ҳазор доллар дар иқтисоди Тоҷикистон сармоягузорӣ кард.

Ба гуфтаи Ҳамроҳализода, дар соли 2019 миёни Тоҷикистон ва кишварҳои хориҷӣ 7 тавофуқномаи сармоягузорӣ ба арзиши 247 миллион доллар имзо шуд.