Феврал 13, 2020 09:53 Asia/Dushanbe
  • Дархости раиси ҷумҳури Тоҷикистон барои рафъи мушкилоти фаъолони бахши хусусӣ

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон хостори рафъи мушкилоти фаъолони бахши хусусӣ шуд.

Ба нақл аз  Дафтари матбуотии раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон, Имомалӣ Раҳмон дар бистумин нишасти Шӯрои машваратии беҳбуди фазои сармоягузорӣ дар кишвар аз вуҷуди мушкилоти мутаадади идорӣ барои фаъолони бахши хусусӣ интиқод кард.

Вай гуфт ; фаъолони бахши хусусии Тоҷикистон  ҳангоми дарёфти иҷозатнома аз идораҳои давлатӣ барои истифода аз замин , сохти корхонаҳо ,иттисол ба шабакаҳои об ва барқ ва мухобирот бо мушкилоти зиёде рӯ ба рӯ мешаванд.

 Раиси ҷумҳурии Тоҷикистон афзуд ; мутаасифона бархе мақомоти ҳукуматӣ дар идорот барои фаъолони бахши хусусӣ мушкилоти мутаададе эҷод мекунанд ,ки ин мавзуъ бояд ҳарчи зудтар поён ёбад.

Вай таъкид кард ; роҳи кам шудани ин мушкилот, иҷроӣ шудани тарҳи мавсум ба Равзанаи воҳид аст ,ки заминаи дарёфти иҷозатномаи Интернетӣ барои фаъолияти бахши хусусиро фароҳам мекунад.

Имомалӣ Раҳмон ба Кумитаҳои давлатии меъморӣ ва сохтмонсозӣ ва мудирияти амволи давлатӣ ва сармоягузории Тоҷикистон дастур дод,ки барои амалиётӣ кардани тарҳи Равзанаи воҳид иқдом ва ҳар шаш моҳ гузориши амалкард диҳанд.

Вай гуфт ; ин тарҳ дар шаҳри Душанбе роҳандозӣ шуда ва натиҷаҳои муносибе доштааст.