Феврал 15, 2020 10:14 Asia/Dushanbe
  • Нигаронӣ аз воридот ва фуруши доруҳои равонгардон дар Тоҷикистон

Раиси Ожонси давлатии мубориза бо маводи мухадири Тоҷикистон аз афзоиши воридот ва фуруши доруҳои равонгардон дар ин кишвар ибрози нигаронӣ кард.

Ба нақл аз сомонаи Спутник, генерал Шерхон Салимзода гуфт ; ин доруҳо дар худравҳои воридотӣ ба Тоҷикистон ҷосозӣ мешаванд. Вай гуфт ; маъмулан ин доруҳоро ронандагони худравҳои дасти дуввуми воридотӣ аз Олмон ба кишварҳои каронаи дарёи  Балтик ва аз онҷо ба Тоҷикистон мунтақил мекунанд.

Раиси Ожонси давлатии мубориза бо маводи мухадири Тоҷикистон нархи умдаи фуруши ҳар баста аз ин доруҳоро 20 то 25 доллар ва дар бозори Тоҷикистон 300 сомонӣ эълом кард.

Раиси Ожонси давлатии мубориза бо маводи мухадири Тоҷикистон афзуд ; дар соли 2019 аз худравҳои дасти дуввуми воридотӣ аз Олмон ҳудуди 5 ҳазор адад доруи равонгардон кашф ва забт шуд.

Шерхон Салимзода ҳамчунин аз боздошти як гурӯҳи чорнафараии духтурони фурушандаи доруҳои равонгардони аврупоӣ дар шаҳри Душанбе хабар дод.