Дидори вазири умури хориҷаи Тоҷикистон бо сафири Туркия
Феврал 15, 2020 16:33 Asia/Dushanbe
Сироҷиддин Муҳриддин вазири умури хориҷаи Тоҷикистон бо Алӣ Рифат Куксол сафири Туркия дар ин кишвар дидор кард.
Ба нақл аз Авесто, дар ин дидор тавсеаи ҳамкории бештари дуҷонибаи Тоҷикистон ва Туркия баррасӣ шуд.
Дар ин ҷаласа, тарафайн назароти худро дар мавриди мавзӯоти ҳамкории Тоҷикистон ва Туркия дар заминаҳои мухталиф раду бадал карданд.
Онҳо ҳамчунин дар мавриди чашмандозҳои ҳамкорӣ дар чорчуби созмонҳои минтақаӣ ва байналмиллалӣ баҳс ва гуфтугӯ карданд.