Дидори Раҳмон бо Бордюжа
Масоили мубориза бо ифрогароӣ ва терроризм дар дидори раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дабири кулли СПАД рӯзи 29 сентябр дар Душанбе баррасӣ шудааст.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон, дар ин мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон ва Николай Бордюжа масоили марбут ба иҷрои қарорҳои қаблии Шӯрои амнияти дастаҷамъӣ, омодагӣ ба ҷаласаи навбатии Сарони кишварҳои узви СПАД ва авзои кунунии кишаварҳои узв мавриди баррасӣ қарор гирифтааст. Ба навиштаи ин манбаъ, Эмомалӣ Раҳмон дар ин дидор таъкид кардааст, ки Тоҷикистон аз таҳкими тавонмандиҳои СПАД ҳимоят карда, ба ҳузури хеш дар ин созмон аҳамияти вижаеро қоил аст. Инчунин гуфта мешавад, ки ҷонибҳо дар ин мулоқот роҷеъ ба муборизаи муштарак бар зидди терроризми байналмилалӣ, ифротгароии мазҳабӣ, қочоқи маводи мухаддиру силоҳ, муҳоҷирати ғайриқонунӣ ва дигар зуҳуроти номатлуб, ки ба амнияту суботи минтақа хатари ҷиддӣ доранд, табодули назар карданд. Ҳамзамон дафтари матбуотии раёсатҷумҳурӣ менависад, ки ду тараф зимни нигаронӣ аз хатари афзоиши фаъолияти созмонҳои террористию ифротӣ ва паҳншавии идеалогияи бегона дар минтақа, ба зарурати тақвияти ҳамкориҳои густурда дар робита ба мубориза бо ин хатарҳо таъкид кардаанд.
Дар баробари ин, ба навиштаи манбаъ, зимни баррасии масоили амният дар марзҳои ҷанубии ин созмон таваҷҷуҳи асосӣ ба вазъ дар марзи муштараки Тоҷикистон бо Афғонистон ва тақвияти ҳамкорӣ дар таҳкими иқтидору имконоти нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон зоҳир гардидааст.
Дар ҳамин ҳол, ба гуфтаи коршиносон айни замон нерӯҳои вокуниши сареи СПАД танҳо нерӯи ҷиддие аст, ки метавонад дар ҳолатҳои бурузи хатар аз марзҳои ҷанубии ИДМ ҳимоят кунад.
Бояд гуфт, ки сафари Николай Бордюжа, дабири кулли СПАД ба Тоҷикистон рӯзи 27-уми сентябр шурӯъ шуда, дар ин муддат вай бо раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон, вазири дифои ин кишвар генерал Шералӣ Мирзо ва ҳамчунин бо дабири Шӯрои амнияти Тоҷикистон Абдураҳим Қаҳҳоров дидору мулоқот анҷом дод.
Қобили зикр аст, ки охирин размоиши муштараки нирӯҳои Созмони паймони амнияти дастҷамъӣ зери унвони “Ҷустуҷӯ-2016” моҳи апрели соли ҷорӣ дар тамрингоҳи “Мағоб” дар дараи Ромити Тоҷикистон баргузор шуд. Дар ин размоиш гурӯҳҳои рамзии мусаллаҳи ғайриқонунӣ ва террорист, ки вориди Тоҷикистон шудаанд, тавассути ҳавопаймоҳою чархболҳои ҷангӣ ва нерӯҳои заминӣ нобуд шудаанд. Ҳамзамон дар ин размоиш воҳидҳои мухталифи иктишофӣ шурӯъ аз аз нерӯҳои кашфи радиоэлектронӣ то ҳавоӣ ширкат кардаанд.
Дар ҳоли ҳозир Арманистон, Беларус, Русия, Қазоқистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон узви Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ ҳастанд.