Феврал 17, 2020 10:22 Asia/Dushanbe
  • Сафари беш аз як миллион тоҷикикстонӣ ба Русия дар соли 2019

Хадамоти федерали марзбонии Русия аз сафари як миллиону 57 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон ба Русия дар соли 2019 хабар дод, ки дар муқоиса бо соли 2018 20 дарсад афзоиш нишон медиҳад.

Ба нақл аз Дафтар матбуотии Хадамоти федерали марзбонии Русия, дар соли 2019  наздик ба 29 миллиону 500 ҳазор хориҷӣ ба ин кишвар сафар кардаанд, ки як миллиону 57 ҳазор нафарашон шаҳрванди Тоҷикистон будаанд.

Гуфта мешавад ҳадафи бештари шаҳрвандони Тоҷикистон аз сафар ба Русия ҷумтуҷӯи кор будааст.

Албатта миёни мақомоти Душанбе ва Маскав дар мавриди теъдоди коргарони муҳоҷири тоҷик дар Русия ихтилофи назар вуҷуд дорад.

Дар ҳоле, ки мақомоти Вазорати кишвари Русия мегӯянд дар қаламрави ин кишвар як миллиону 200 ҳазор нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистон ба унвони коргари муҳоҷир бо иҷозатномаи расмӣ фаолият мекунанд, аммо мақомоти Тоҷикистон ин теъдодро камтар аз як миллион нафар медонанд.

Ин дар ҳолест, ки наздик ба 500 ҳазор нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистон ҳамасола барои кори мавсумӣ ба вижа кшоварзӣ дар фаслҳои баҳор ва тобистон ба Русия мераванд ва бидуни иҷозатнома фаолият мекунанд ва бо оғози сармо ба кишвари хеш бозмегарданд.

Мақомоти Бонки миллии Тоҷикистон эълом кардаанд, ки коргарони мҳоҷири тоҷик дар соли 2019 аз Русия ба кишвари хеш 2 миллиарду 700 миллион доллар даромади молӣ ирмол кардаанд, ки дар муқоиса бо соли 2018 беш аз 6 дарсад афзоиш нишон медиҳад.

 

Барчасп