Афзоиши шавқмандон ба ёд гирифтани забони тоҷикӣ дар Олмон
(last modified Tue, 18 Feb 2020 06:38:05 GMT )
Феврал 18, 2020 11:38 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши шавқмандон ба ёд гирифтани забони тоҷикӣ дар Олмон

Шавқмандон ба ёдгирии забони тоҷикӣ дар Олмон афзоиш ёфтааст.

Ба нақл аз Дафтари матбуотии Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон, Андреас Протманн- сафири Олмон дар Тоҷикистон дар дидор бо Муҳаммадюсуф Имомзода- вазири маориф ва илми Тоҷикистон дар Душанбе гуфт,  дар кишвараш ба омӯзиши забони тоҷикӣ таваҷҷуҳи вижа мешавад ва донишҷӯёни олмонӣ дар лагерҳои тобистона забони тоҷикӣ ёд мегиранд.

Протманн ҳамчунин гуфт, Олмон омодаи ҳамкории бештар бо ин вазоратхона дар заминаҳои мухталифи фарҳангӣ ва адабӣ аст.

Дар ин мулоқот ҳамчунин дар мавриди  ҳамкориҳои ҷойдошта дар соҳаи маориф ва илм ибрози назар намуда, ва дар мавриди ҳамкории кишварҳо дар асоси Протоколи ҳамасолаи гуфтушунидҳои байниҳукуматии Тоҷикистону Олмон оид ба ҳамкориҳои молиявӣ ва техникӣ ва барномаҳое, ки аз ҷониби Ҷамъияти ҳамкориҳои байналмилалии Олмон (GIZ) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегардад, музокира шуд.

Ҳамчунин  дар ин мулоқот, вазъият ва мушкилоти 4 муассисаи таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон таълими забони олмонӣ ба роҳ монда шуда,баррасӣ шуд, ки  наздики 200 нафар шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Федеративии Олмон таҳсил менамоянд. 

Андреас Протманн сафири Олмон дар Тоҷикистон  афзуд, ки Олмон ба омӯзиши забони тоҷикӣ таваҷҷуҳи хос дорад.

Дар ин мулоқот ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки минбаъд дар самти зиёд намудани теъдоди квотаҳо, табодули таҷрибаи ҳайати омӯзгорону профессорон, омӯзиши таҷрибаи якдигар дар самти таҳсилоти томактабӣ ва такмили ихтисоси омӯзгорон ва баргузор кардани чорабиниҳои муштарак ҳамкориҳоро вусъат мебахшанд.