Феврал 18, 2020 13:44 Asia/Dushanbe
  • Кашфи ҳазору 637 килограм маводи мухаддир соли гузашта дар Тоҷикистон

Ҳазору 637 килограм маводи мухаддир дар соли 2019 бо талоши масъулони мубориза бо қочоқи маводи мухаддири Тоҷикистон кашф ва забт шуд.

Ба нақл аз Авесто ва бар асоси эъломи Ожонси мубориза бо маводи мухаддири Тоҷикистон, дар соли 2018 дар ин ҷумҳурӣ, дар маҷмӯъ ҳудуди 3 тонна ва 696 ҳазор килограм маводи мухаддир кашф ва забт шуд.

Ба гуфтаи ин манбаъ, дар соли 2019  дастгоҳҳои иҷроии мубориза бо маводи мухаддир 582 ҷурму ҷиноят марбут ба қочоқи маводи мухаддирро кашф карданд.

Соли гузашта 67 килограм героин, ҳудуди 76 килограм  афюн, 138 килограм гашиш ва 4 килограм шоҳдонаи қочоқ кашф ва забт шуд.

Ҳамчунин 113 парвандаи қазоӣ бо кайфархост алайҳи 170 нафар ташкил ва ба додгоҳҳо ирсол шуд.