Феврал 18, 2020 15:01 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши бардошти пахта дар китшзорҳои Хатлон

Ширкати чинӣ қасд дорад бо истифода аз равишҳои пешрафта мизони бардошти пахта аз киштзорҳои Тоҷикистонро афзоиш диҳад.

Ба нақл аз Авесто, ширкати чинии саноати нассоҷии Sin Silu дар назар дорад маҳсулоти пахтаиро дар минтақаи Хатлон дар ҷануби Тоҷикистон афзоиш диҳад.

Раҳимов раиси гуруҳи иқтисод ва ҳисобдории Идораи кишоварзии минтақаи Хатлон гуфт, ин ширкат қасд дорад имсол дар замине ба масоҳати ҳудуди 3 ҳазор гегтар пахта бикорад.

Раҳимов гуфт, ин мавзӯъ тавофуқ шуда ва василаҳои технологӣ ва дигар ниёзмандиҳо ҳам таҳия шудааст ва фақат мунтазири фасли кошт ҳастем.

Ба гуфтаи вай соли гузашта ин ширкат дар шаш минтақа дар замине ба масоҳати 7.895 гегтар пахта кишт кард.

Раиси гуруҳи иқтисод ва ҳисобдории Идораи кишоварзии минтақаи Хатлон афзуд, дар охирин фасли бардошти пахта 20 ҳазору 377 тонна пахтаи хом аз минтақаҳои мушаххасшуда бардошт шуд.

Вай гуфт, равиши чинии кошти пахта то ҳудуде бо равиши ҳозира мутафовит аст онҳо бо истифода аз обёрии қатраӣ пахта кишт мекунанд ва тақрибан ҳамаи корҳо бо истифод аз таҷҳизот ва технология анҷом мешавда.

Ба гуфтаи Раҳимов давлати Тоҷикистон ин ширкатҳоро аз пардохти андози воридоти  таҷҳизоти обёрӣ муоф карда ва ин боиси афзоиши маҳсулоти пахтаӣ мешавад.

Dzhuntai Khatlon Sin Force  яке аз бузургтарин ширкатҳои муштараки Тоҷикистон ва Чин аст, ки як корхонаи калони нассоҷиро ҳам дар Данғара сохтааст.