Феврал 18, 2020 16:47 Asia/Dushanbe

Ба раисҷумҳури Тоҷикистон пешниҳод шуда, ки "Хуросон"-ро номи бузургтарин масҷиди Осиёи Марказӣ дар Душанбе интихоб кунад.

Ба гузориши “Азия плюс”, коргурӯҳи омодасозии масҷид ин пешниҳодро ба раисҷумҳури Тоҷикистон додааст.

Аъзои коргурӯҳ муташаккил аз намояндагони сохторҳои ҳукуматӣ, динӣ ва илмии Тоҷикистон ҳастанд.

Қарор аст, ин масҷид, ки бузургтарин макони ибодии мусалмонон дар Осиёи Марказӣ аст, 12 марти соли 2020 бо ҳузури Эмомалӣ Раҳмон ва Шайх Тамим бин Ҳамд оли Сонӣ, амири Қатар ифтитоҳ шавад.

Агарчи коргурӯҳ номи "Хуросон"-ро барои ин масҷид ба Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод карда, аммо тасмими ниҳоӣ барои интихоби ном бар уҳдаи раисҷумҳури Тоҷикистон аст.