Афзоиши мубодилоти тиҷории Тоҷикистон ва Чин дар моҳи январ
(last modified Wed, 19 Feb 2020 12:33:13 GMT )
Феврал 19, 2020 17:33 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши мубодилоти тиҷории Тоҷикистон ва Чин дар моҳи январ

Табодулоти тиҷории Тоҷикистон ва Чин дар моҳи январи имсол дар муқоиса бо замони мушобеҳи соли гузашта 88 дарсад афзоиш доштааст.

Ба гузориши “Форс”, Ожонси омори вобаста ба ниҳоди раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон эълом кард, 2 кишвар дар моҳи январ ҳудуди 82 миллион доллар табодули тиҷорӣ доштанд, ки 92 дарсад (ҳудуди 76 миллион доллар) аз ин маблағ мизони воридоти маҳсулоти чинӣ ба Тоҷикистон аст.

Содироти маҳсулоти тоҷикӣ ба Чин дар ин муддат 6 миллион доллар будааст.

Чин филизоти ғайриқиматӣ, мошин, таҷҳизот ва қатаоти эҳтиётӣ, васоили нақлия, пӯшок ва маҳсулоти мухталифи санъатиро ба Тоҷикистон содир мекунад.

Тиҷорати хориҷии Тоҷикистон дар моҳи январ 383 миллион доллар баровард шудааст.

Дар ин муддат 72 миллион доллар коло аз Тоҷикистон содир ва 311 миллион доллар маҳсул ба Тоҷикистон ворид шудааст.

Тоҷикистон дар моҳи январ бо 78 кишвари мухталифи ҷаҳон тиҷорат доштааст.

Русия монанди солҳои қабл ба унвони шарики аслии тиҷории Тоҷикистон боқӣ монда ва мубодилаи тиҷории ду кишвар дар январ 96 миллион доллар будааст.

Чин бо 92 миллион доллар ва Қазоқистон бо 69 миллион доллар дар ҷойгоҳи дувум ва севум қарор доранд.