Баргузории Ҳамоиши чигунагии ҷилавгирӣ аз ифротгароии хушунатомез дар Тоҷикистон
(last modified 2020-02-20T11:10:05+00:00 )
Феврал 20, 2020 16:10 Asia/Dushanbe
  • Баргузории Ҳамоиши чигунагии ҷилавгирӣ аз ифротгароии хушунатомез дар Тоҷикистон

Раиси Хадамоти муқобила бо қонунвайронкунии навҷавонони Вазорати умури дохилии Тоҷикистон дар  Ҳамоиши чигунагии ҷилавгирӣ аз ифротгароии хушунатомез мафоҳими ифротгароӣ ва терроризмро тавзеҳ дод.

Ба гузориши “Тоҷик пресс”, сарҳанг Мансур Бухоризода дар ин ҳамоиш гуфт, истилоҳи “терроризм” ба маънои истифода аз хушунат ё таҳдид, ба кор бурдани он барои ашхос ё таҳдид ба аз байн бурдани амвол ё соири дороиҳои моддӣ аст. Ӯ ҳамчунин гуфт, терроризм боиси аз байни рафтани ҷон, осеби ҷиддӣ ё авоқиби хатарноки иҷтимоӣ аст.

Раиси Хадамоти муқобила бо қонунвайронкунии навҷавонони Вазорати кишвари Тоҷикистон тазъифи амнияти умумӣ, тарси умуми мардум ва нақзи зиндагии давлат ё чеҳраҳои умумӣ ба манзури тазъифи Қонуни Асосӣ ё амнияти давлат ва ҳамчунин қатъи фаъолиятҳои давлатӣ ё соири фаъолиятҳои сиёсӣ ё печидатар шудани равобити байналмилал ва шурӯи ҷангро аз дигар натоиҷ терроризм дар кишварҳо донист. Ӯ афзуд, терроризм алайҳи давлат ва кишвар ба кор гирифта мешавад ва сабаби эҷоди ҳисси беэътимодӣ дар ҷомеа, бесубот кардани суботи сиёсӣ, иҷтимоӣ ва осеб расондан ба шахсияти мақомоти давлатӣ аст.

Бухоризода гуфт, ифротгароӣ баёнгари фаъолиятҳои ифротии афроди ҳуқуқӣ ва ҳақиқӣ бо фарохони бесубот кардани ҷомеа, тағйири низом, тасарруфи қудрат ва сӯистифода аз иқтидори он, таҳрики нажодпарастӣ, миллатгароӣ, мухолифати мазҳабӣ ва нафрати иҷтимоӣ аст.