Феврал 20, 2020 17:06 Asia/Dushanbe
  • Таблиғоти интихоботӣ дар Тоҷикистон

Мақомот ва намояндагони аҳзоби Тоҷикистон мегӯянд, барои роҳёбӣ ба маҷлис дар манотиқи мухталифи кишвар таблиғ ва барномаҳои худро эълом мекунанд.

Ҳудуди 10 рӯз монда ба интихоботи парлумонӣ дар Тоҷикистон, мақомот ва намояндагони аҳзоб мегӯянд, барои роҳёбӣ ба маҷлис дар манотиқи мухталифи кишвар таблиғ ва барномаҳои худро эълом мекунанд.

Ба гузориши сойти Осиёи Миёна, Комиссияи марказии интихобот ва ҳамапурсии Тоҷикистон дар 17 феврал эълом кард, ки аҳзоби сиёсии ин кишвар аз 20 феврал таблиғоти худро оғоз карданд.

Тибқи қонун барои ҳар ҳизб 40 дақиқа пахши ройгон аз телевизион ва радио ва барои ҳар довталаб 20 дақиқа замон ихтисос дода шудааст.

Носирҷон Салимӣ, узви Комиссияи марказии интихобот гуфт, номзадҳои маҷлиси намояндагон аз 20 дақиқа ройгон пахш дар телевизион истифода мекунанд ва аҳзоб барномаҳои худро забт мекунанд.

Агарчӣ Комиссияи марказии интихоботи Тоҷикистон эълом карда, ки барои баргузории интихобот ба хубӣ барномарезӣ шудааст, вале таҳлилгарон ва мунтақидон сиёсӣ аз фаъолиятҳои ками довталабони он интиқод мекунанд.

Абдумалик Қодиров, таҳлилгари масоили сиёсӣ гуфт, ҳеҷ кас ба аҳаммияти интихобот дар шабакаҳои иҷтимоӣ, ҷое, ки аслитарин баҳси "сиёсӣ ва иҷтимоӣ" аст, аҳаммият намедиҳад.

Бо вуҷуди интиқод мабни бар тазъифи ин корзор, намояндагони бархе аз аҳзоби сиёсии кишвар аз ҷаласоти худ бо намояндагон ва фаъолиятҳои интихоботии худ иттилоъ медиҳанд.

Раҳматулло Зоиров, раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон гуфт, токунун дар манотиқи мухталифи кишвар 80 суханронӣ карда ва нишасти интихоботӣ доштааст. Ӯ афзуд, ҳамчунин 12000 эъломия ҳам байни сокинон тавзеъ шудааст.

Абдурраҳмон Хонов, узви Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон (ҲХДТ) низ мегӯяд, ки дар муқоиса бо интихоботи қаблӣ, ин ҳизб аз равишҳои навин барои ироаи барномаҳо ва номзадҳо истифода кардааст.

Вай гуфт, таблиғоти густурдаи барномаҳои пеш аз интихобот аз тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ, яке аз равишҳои ҷадид ва муассири ин ҳизб аст.

Бо ин ҳол, Носирҷон Салимӣ гуфт, ҳудуди 600 ҷаласа бо намояндагони аҳзоб ва бо сокинон дар ҳавзаҳои интихобия баргузор шудааст

Интихоботи парлумонии Тоҷикистон аз аввали март баргузор мешавад.

241 номзад барои тасоҳуби 63 курсӣ дар маҷлис бо ҳам рақобат мекунанд.

Корзори интихоботӣ аз 9 феврал оғоз шуда ва то 28 феврал идома хоҳад дошт. 29 феврал як рӯзи хомӯш дар кишвар аст.