Баргузории мусобиқаи суннатии "Авто-Бону" дар Душанбе
Феврал 22, 2020 13:03 Asia/Dushanbe
Мусобиқаи суннатии "Авто-Бону" 7 марти 2020 баргузор мешавад.
Ба нақл аз ТоҷикТа, Ожонси хабарии телеграфи Тоҷикистон эълом кард, ин мусобиқа дар километри 7 хиёбони Айнии шаҳри Душанбе соати 10 баргузор мешавад.
Ҳамчунин ин мусобиқа ба муносибати Рӯзи модар ва "Солҳои тавсеаи русто, гардишгарӣ ва саноати дастии мардумӣ" бо талоши Идораи бозрасии худравҳои давлатии Вазорати корҳои дохила баргузор мешавад. Ин мусобиқа дар бахшҳои "Ман ва мошини ман" (тарроҳии мошин), қавонини роҳ ва ронандагӣ, маҳорати ронандагӣ, номи қитъаҳои худрав, намоишгоҳи саноати дастӣ баргузор хоҳад шуд. Ба ғолибон ва ширкаткунандагон дар ин мусобиқа ҳадияҳое эҳдо мешавад.