Феврал 22, 2020 18:24 Asia/Dushanbe
  • Сафари вазири умури хориҷаи Тоҷикистон ба Русия дар ояндаи наздик

Вазири умури хориҷаи Тоҷикистон ба Русия сафар мекунад.

Ба нақл аз Азия-Алюз, Мария Захарова сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Русия эълом кард, Сироҷиддин Муҳриддин- вазири умури хориҷаи Тоҷикистон ба даъвати вазири умури хориҷаи Русяи аз 24 то 25 феврал ба Маскав сафар хоҳад кард.

Вай гуфт, тарафайн дар ин дидор дар мавриди масоили байналмиллалӣ ва минтақаӣ суҳбат хоҳанд кард.

Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Русия гуфт, дар ин сафар ҳамчунин усули мушорикат ва иттиҳоди роҳбурдии ду кишвар, бо меҳвари иҷрои тавофуқномаҳои имзошуда дар сафари расмии раиси ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маскав дар апрели 2019 баррасӣ ва ҳамкориҳои дуҷониба низ бознигарӣ мешавад.

Захарова афзуд, дар муддати музокирот, ба баланд бардоштани сифати ҳамкориҳои тиҷорӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва башардӯстона ва ҳамчунин ҳамоҳангии ду кишвар дар мавзӯъҳои мухталиф таваҷҷуҳ хоҳад шуд.

Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Русия  афзуд, дар ин ҷаласа вазъияти амнияти минтақа, кишвари Афғонистон, масоили муқобила бо терроризм ва ҳамкориҳои муштарак барои мубориза бо қочоқи маводи мухаддир арзёбӣ хоҳад шуд.

Ӯ гуфт, қарор аст чандин тафоҳумнома ҳам байни мақомоти ду кишвар имзо шавад.