Феврал 23, 2020 10:02 Asia/Dushanbe
  •  Бозгашти яке аз мухолифони давлати Тоҷикистон ба ватан

Як фаоли собиқи узви Гурӯҳи 24, ки аз созмонҳои мухолифи давлати Тоҷикистон дар хориҷ аст аз бозгашт ба кишвар ва авфи худ хабар дод.

Ба нақл аз саҳифаи Собир Валиев дар Фейсбук, вай бо интишори матлабе эълом кардааст, ки акнун дар Душанбе ба сар мебарад ва бо вуруд ба Тоҷикистон мақомот вайро авф кардаанд. 

Валиев бо интишори номаи расмии Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон дар бораи авфи худ гуфтааст, ки аз ин иқдоми мақомоти Душанбе хушҳол аст ва қасд дорад ба кишвараш хидмат кунад.

Дар ин нома таъкид шудааст, ки бо мусоидати Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ алайҳи Собир Валиев, ки аз соли 2015 ташкил шуда буд махдума шудааст. 

Фаолияти Гурӯҳи 24 бар асоси ҳукми Додгоҳи Олии Тоҷикистон ба унвони созмони ифротӣ дар моҳи октябри соли 2014 мамнӯъ шуд.

Акнун теъдоде аз аъзои ин созмон дар Тоҷикистон дар зиндон ба сар мебаранд ва иддае ҳам дар Аврупо ба фаолиятҳои сиёсии хеш идома медиҳанд.