Маросими бузургдошти Рӯзи дипломатҳо дар Тоҷикистон баргузор шуд
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i5113
Раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар бузургдошти Рӯзи дипломатҳо дар ин кишвар гуфт, дар ҳоли ҳозир беш аз 30 намояндагии дипломатии ин кишвар дар ростои ҳимоят аз ҳуқуқу манофеи миллии шаҳрвандони тоҷик дар кишварҳои мухталифи дунё фаъолият мекунанд.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Сентябр 30, 2016 18:36 Asia/Dushanbe
  • Маросими бузургдошти Рӯзи дипломатҳо дар Тоҷикистон баргузор шуд

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар бузургдошти Рӯзи дипломатҳо дар ин кишвар гуфт, дар ҳоли ҳозир беш аз 30 намояндагии дипломатии ин кишвар дар ростои ҳимоят аз ҳуқуқу манофеи миллии шаҳрвандони тоҷик дар кишварҳои мухталифи дунё фаъолият мекунанд.

Ба гузориши "Форс", маросими таҷлил аз фаъолони арсаи дипломатия бо ҳузури Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон, дирӯз, ки унвони "Рӯзи кормандони хидмати дипломатӣ" дар ин кишвар номгузорӣ шудааст, баргузор гардид.

Бар асоси ин гузориш, дар ин маросим ба ҳамроҳи таҷлил аз дипломатҳои тоҷик, бинои ҷадиди сохтмони консулгарии Вазорати хориҷаи Тоҷикистон дар Душанбе низ ифтитоҳ гардид.

Раҳмон дар ин маросим бо ташреҳи авзои феълии дипломатии ин кишвар таъкид кард, дар ҳоли ҳозир беш аз 30 намояндагии дипломатии Тоҷикистон дар хориҷ аз кишвар, дар ростои ҳимоят аз ҳуқуқу манофеи миллии шаҳрвандони тоҷикистонӣ фаъолият мекунанд.

Вай ҳамчунин нақши сиёсати хориҷии Тоҷикистон дар раванди торихии такомулу рушди ин кишвар ва табдили он ба кишваре соҳибихтиёр ва мустақилро муҳиму таъсиргузор арзёбӣ кард.

Бо тавваҷуҳ ба ин ки 29 –уми сентябри соли 1993 –и мелодӣ Раҳмон барои аввалин бор дар Созмони милали муттаҳид суханронӣ карда аст, порлумони Тоҷикистон номгузории ин рӯз ба унвони рӯзи кормандони дипломатӣ дар ин кишварро дар соли ҷорӣ ба тасвиб расонд.

Дар ҳоли ҳозир теъдоди кормандони Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон беш аз 300 нафар мебошад.