Феврал 24, 2020 17:48 Asia/Dushanbe
  • Ирсоли 2 тонн дору аз Русия ба Тоҷикистон

Русия 2 тонн дору ба Тоҷикистон ирсол кард.

Ба гузориши Форс, Мирҳомиддин Камолзода, муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз давлати Русия барои кумакҳои мудовими беҳдоштӣ ва доруӣ ташаккур кард.

Камолзода гуфт, ки кумакҳои доруии Русия ҳеҷ рабте ба густариши вируси ҷадиди корона надорад.

Вай афзуд, ин доруҳо барои муроқибатҳои аввалияи пизишкӣ дар ин кишвар истифода мешавад.

Бояд гуфт, ки тарҳи «корвони саломатӣ» бо маблағ 2.6 миллион доллар дар 4 июл дар шаҳри Душанбе байни ду кишвар имзо шуд.

2 миллион доллар аз ин маблағро Сандуқи тасбит ва тавсеаи Аруосиё таъмин кардааст.