Феврал 24, 2020 18:03 Asia/Dushanbe
  • Дидори сафири ҷадиди Афғонистон дар Тоҷикистон бо вазири хориҷаи ин кишвар

Сафири ҷадиди Афғонистон дар Тоҷикистон, устуворномаи худро тақдими вазири умури хориҷаи ин кишвар кард.

Ба гузориши Форс, Муҳаммадзоҳир Ағбар, сафири ҷадиди Афғонистон дар Душанбе зимн дидор бо Сироҷиддин Муҳриддин, вазири умури хориҷаи Тоҷикистон, рӯнавишти устуворномаи худро тақдими вай кард.

Муҳриддин ба сафири ҷадиди Афғонистон дар Душанбе табрик гуфта ва дар масири рушди ҳамкориҳои дуҷониба барои вай орӯзи муваффақият кард.

Дар ин мулоқот масоили муҳимми марбут ба муносиботи дуҷонибаи Тоҷикистон ва Афғонистон, аз ҷумла тақвияти ҳамкориҳои марзӣ баррасӣ ва барномаҳои ду тараф барои ояндаи наздик мушаххас шуд.

Тарафайн ҳамчунин дар мавриди мавзӯоти марбут ба ҳамкории минтақаӣ ва роҳҳои фаъолтар кардани абзорҳои дуҷониба аз қабили комиссияҳои байнидавлатии ду кишвар табодули назар карданд.