Феврал 24, 2020 20:50 Asia/Dushanbe
  • Дидори вазирони умури хориҷаи Русия ва Тоҷикистон дар Маскав

Дар поёни дидори вазирони умури хориҷаи Русия ва Тоҷикистон дар Маскав чанд санади ҳамкории дуҷониба имзо шуд.

Ба гузориши сомонаи вазорати умури хориҷаи Русия, дар поёни дидори Сергей Лавров ва Сироҷиддин Муҳриддин тарафҳо бо муҳимм хондани ин музокирот бар зарурати тақвияти ҳамкориҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва тиҷорӣ, амниятӣ ва низомӣ, муҳоҷират ва фарҳанагӣ ва омӯзишӣ таъкид карданд.

Вазири умури хориҷаи Русия гуфт, музокирот бисёр муҳим бо ҳамтои тоҷикистонӣ доштааст.

Вай таъкид кард, ки Русия яке аз сармоягузорони аслӣ дар иқтисоди Тоҷикистон ва шарики роҳбурдии ин кишвар аст ва мизони муомилоти тиҷорӣ миёни ин ду кишвар дар соли 2019 ҳудуд як миллиарддоллар будааст.

Тафоҳумномаи эъзоми созмонёфтаи коргарони муҳоҷири тоҷик бар асоси ниёзи Русия, тақвияти ҳамкориҳои низомӣ ва фаннӣ, омӯзишӣ ва фарҳанагӣ аз дигар меҳварҳои музокироти дуҷониба буд.

Сироҷиддин Муҳриддин низ бо мусбат хондани ин музокирот аз тавофуқи ду тараф барои муқобилаи муштарак бо гурӯҳҳои террористӣ дар шимоли Афғонистон ва кумак ба давлати Кобул барои барқарори субот ва амният дар ин кишвар таъкид кард.

Вай аз барномаи муштараки кишварҳои Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ бо Тоҷикистон барои афзоиши амният дар марзи муштараки ин кишвар бо Афғонистонро иқдоме муҳим дар минтақа донист.