Феврал 25, 2020 10:19 Asia/Dushanbe
  • Қарзҳои гарони бонкӣ аз монеаҳои саноатӣ шудани Тоҷикистон

Вазири саноат ва технологиҳои навини Тоҷикистон гуфт, дарёфти қарзҳои гарони бонкӣ яке аз мушкилоти саноати кишвар аст.

Ба нақл аз сомонаи Азия-Плюз, Заробиддин Файзуллозода гуфт, камбуди нақдинагӣ ва суди болои қарзҳои бонкӣ муҷиби варшикаст шудани теъдоде аз марказҳои саноатии Тоҷикистон дар соли 2019 шуд.

Ӯ гуфт, ҳамчунин фарсудагии таҷҳизот, камбуди мутахассисони ҳирфаӣ, набуди рақобат барои тавлиди маҳсулоти нав бо қобилияти арза ба бозорҳои хориҷӣ аз дигар мушкилоти бахши саноат аст.

Ба гуфтаи вай дар соли гузашта 45 корхона дар Тоҷикистон таътил (баста) шуд.

Заробиддин Файзуллозода афзуд, 43 маркази саноатии дигар низ ба далели мушкилоти молӣ, нотавонӣ дар пардохти андоз ва қарзҳои болои бонкӣ наметавонад ба фаолият идома диҳад ва 29 корхонаи саноатӣ ҳам камбуди маводи хоми аввалия доранд.

Вазири саноат ва технологиҳои навини Тоҷикистон афзуд, 23 корхонаи тавлидӣ низ мушкили фарсудагии таҷҳизот доранд ва 9 марказ натавонистанд иҷозатномаи истихроҷи конҳоро дарёфт кунанд.