Феврал 25, 2020 10:25 Asia/Dushanbe
  • Баргузории интихоботи Тоҷикистон дар 5 шаҳри Русия

Интихоботи парлумонии Тоҷикистон дар 5 шаҳри Русия ҳам баргузор мешавад.

Ба нақл аз Спутник, вазири умури хориҷаи Тоҷикистон гуфт, ин ҷумҳурӣ дар интихоботи парлумонӣ дар панҷ шаҳри Русия марказҳои раъйпурсӣ дойир хоҳад кард.

Сироҷиддин Муҳриддин гуфт, мо омодагии масъулони Тоҷикистонро барои иҷрои интихоботи парлумонӣ ба мақомҳои рус иттилоъ додем.

Ӯ афзуд, тасмим гирифта шуд, ки дар 5 шаҳри Русия дар маҳалҳои маъмуриятҳои депломатик ва консулии Тоҷикистон марокизи раъйпурсӣ дойир шавад.

Натиҷаҳои аввалияи интихоботи Маҷлиси намояндагони парлумони Тоҷикистон 3 март эълом мешавад.

Ҳудуди 500 нозири байналмиллалӣ ва ҳазор нозири маҳаллӣ интихоботи парлумонии Тоҷикистонро назорат мекунанд, ҳамчунин сад хабарнигор аз расонаҳои хориҷӣ низ интихоботро пӯшиши тасвирӣ хоҳанд дод.