Феврал 25, 2020 12:15 Asia/Dushanbe
  • Гузориши нозирони интихоботии Ҷомеаи Ҳамсуд дар Тоҷикистон

Гурӯҳи нозирони интихоботии Ҷомеаи Ҳамсуд дар Тоҷикистон гузориши арзёбиҳо аз иҷрои марҳилаҳои пеш аз интихоботи ин кишварро мунташир кард.

Ба нақл аз радиои тоҷикии Садои Хуросон, аъзои ҳайати нозирон дар рӯзҳои 10 то 24 феврал зимни боздид аз ситодҳои интихоботии ҳизбҳои сиёсии ҳозир дар интихоботи парлумонӣ бо намояндагони ин ҳизбҳо ҳам гуфтугӯ карданд.

Нуктаи ҷолиби таваҷҷуҳ дар ин гузориш зикр нашудани номи Ҳизби сотсиал-Демократ дар рӯхатти ҳизбҳое аст, ки ҳайати нозирон аз ситоди он боздид карданд.

Ҳизби Сотсиал-Демократ ҳизби мунтақиди ҳукумати Тоҷикистон аст, ки дар интихоботи парлумонӣ ширкат хоҳад кард.

Ҳамчунин ҳайати нозирони интихоботии Ҷомеаи Ҳамсуд дар шаҳри Душанбе , пойтахт ва вилоятҳои Суғд ва Хатлон бо фаолияти ҳавзаҳои раъйпурсӣ ошно шуданд.

Натиҷаҳои ииҳоии арзёбиҳои ҳайати нозирони интихоботии Ҷомеаи Ҳамсуд як рӯз пас аз баргузории интихоботи Маҷлиси намояндагон ва маҷлисҳои маҳаллии Тоҷикистон мунташир хоҳад шуд.