Феврал 26, 2020 11:49 Asia/Dushanbe
  • Кӯмаки 50 миллиондолларии Бонки Ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон

Бонки Ҷаҳонӣ барои сохти пулҳои ҷадиди иртиботӣ дар вилояти Бадахшон в обхездорӣ дар соҳилҳои рӯдхонаҳо дар вилояти Хатлони Тоҷикистон, кӯмаки 50 миллиондолларӣ ба ин кишвар ихтисос хоҳад дод, ки 50 дарсади ин манобеи молӣ билоаваз мебошад.

Ба нақл аз сомонаи Tajik Te, барои сохти 18 пули иртиботӣ дар қаламрави вилояти Бадахшон 20 миллион доллар ҳазина хоҳад шуд.

Ҳамчунин барои обхездорӣ дар соҳилҳои рӯдхонаҳо дар вилояти Хатлон ба тӯли 31 километр, 30 миллион доллар сарф мешавад.

Ба гуфтаи коршиносони Бонки Ҷаҳонӣ, ин ду тарҳ бо сармоягузории 50 миллиондолларии ин ниҳоди молӣ то соли 2023 такмил хоҳад шуд.

Аз дидгоҳи Бонки Ҷаҳонӣ, Тҷикистон ба далели воқеъ шудан дар минтақаи кӯҳистонӣ бо хатароти муҳити зисти мухталиф, аз ҷумла асел, рониши замин, туғёни рӯдхонаҳо ва зилзила рӯбарӯ мебошад ва ниёз ба кӯмкҳои молии байналмилалӣ барои коҳиши оқибатҳои ин ҳааводис дорад.

 

Барчасп